Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Омӯзиши мутахассисони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

Мутахассисони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати табодули таҷриба, баланд бардоштани савияи дониши касбӣ, инчунин, иҷрои нақша чорабиниҳои Вохӯрии 7 сарони Мақоми олии аудити давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, дар барномаҳои омӯзишӣ, ки аз 2 то 11 сентябри соли 2024 дар музофотҳои Нанкин ва Шиняни Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид иштирок намуданд. Тибқи иттиллоъ дар чорабинии омӯзишӣ 27 нафар намоянда аз 8 мақоми олии аудити кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай иштирок намуданд.
Барномаҳои омӯзиши дар мавзуъҳои вобаста ба рушди соҳа аз ҷониби профессорон ва коршиносони Идораи миллии аудити Ҷумҳурии Мардумии Чин гузаронида шуд.

  

  

Ҳамзамон аз ҷониби иштирокчиён масъалаҳои вобаста ба коркарди маълумотҳои васеъ ҳангоми гузаронидани аудит, муайян намудани хавфҳо ва омилҳои ба он таъсиррасон, гуруҳбандӣ намудани қойидавайронкуниҳои молиявӣ, тартиби таҳлил ва омода намудани баҳогузорӣ оид ба объекти аудит, тарзи исбот намудани камбудиҳои муайяншуда ва хулосаи аудиторӣ, тавсияҳои аудиторӣ, инчунин таҷрибаи мақоми олии аудити кишварҳои пешрафта дар соҳаи аудит, васеъ гардонидани ҳамкориҳои самаранок, баланд бардоштани дараҷаи касбии кормандон мавриди баррасӣ ва омӯзиш дар ин чорабинӣ, қарор дода шуд.

Бахши иттилоот ва кор бо воситаҳои ВАО-и
Раёсати таҳлил, рушд, стандарт
ва ҳамкориҳои байналмилалӣ

Наҷмуддинзода Х.М

Аксхо

 
Силкаҳои лозима