Ба тоҷикӣ | На русском | In English

6-уми сентябри соли 2024 бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Палатаи ҳисоб маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қарахон Чиллазода кормандони Палатаро бо ҷашни бузурги миллӣ табрику таҳният намуда, таъкид доштанд, ки 9 сентябр –Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми соҳибтамаддуну сарбаланди тоҷик ҷашни муҳиму тақдирсоз ба ҳисоб меравад, ки ҳамасола дар саросари Ватани азизамон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Дар ҷараёни маҷлис таъкид гардид, ки дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихӣ-абармарди бузурги миллат дар ташаккули давлати муосири тоҷик ва таърихи навини миллати соҳибтамаддуни тоқик, бунёди имрӯзу фардои Тоҷикистон хизматҳои барҷаста намудаанд.

Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ обру ва нуфузи Тоҷикистон ҳамчун мамлакати ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, пешниҳодҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозии амиқ пайдо намуд.
Ҳамчунин чанд нафар кормандони Палатаи ҳисоб бахшида ба ин ҷашни бузурги миллӣ дар ҷаласа баромадҳои пурмуҳтаво намуда аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии Ватан бо хушнудӣ ва ифтихори миллӣ сухан гуфта, қайд намуданд, ки зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин туҳфаи беназири таърихӣ- Истиқлолияти давлатӣ ба даст омад ва мо имрӯз хушбахтона зери осмони софу беғубор ва сулҳу суботи сартосарӣ зиндагонӣ мекунем.
Дар ин рӯзи пуршараф барои хизматҳои шоён ва рушди соҳа 14-нафар кормандони Палата аз ҷониби роҳбарияти Палатаи ҳисоб бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Масъули бахши иттилоот ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи Раёсати стандартҳо,таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ

Наҷмиддинзода Х

Аксхо

 
Силкаҳои лозима